Мо дигар кас нагирифтем ба ҷои ту надим

432

Мо дигар кас нагирифтем ба ҷои ту надим,
Аллаҳ, Аллаҳ, ту фаромӯш макун аҳди қадим.

Ҳар як аз доираи ҷамъ ба роҳе рафтанд,
Мо бимондему хаёли ту ба як ҷой муқим.

Боғбон гар накушояд дари дарвеш ба боғ,
Охир аз боғ биёяд бари дарвеш насим.

Гар насими саҳар аз хулқи ту бӯе орад,
Ҷон фишонем ба савғоти насими ту, на сим.

Бӯи маҳбуб, ки бар хоки аҳиббо гузарад,
На аҷаб дорам, агар зинда кунад азми рамим.

Эй ба ҳусни ту санам чашми фалак нодида,
В-эй ба мисли ту валад модари айём ақим.

Ҳоли дарвеш чунон аст, ки холи ту сиёҳ,
Ҷисми дилреш чунон аст, ки чашми ту сақим.

Чашми ҷодуи ту бе воситаи куҳл каҳил,
Тоқи абрӯи ту бе шоибаи вусма васим.

Эй ки дилдорӣ, агар ҷони манат мебояд,
Чорае нест дар ин масъала, илло таслим.

Ишқбозӣ на тариқи ҳукамо буд, вале
Чашми бемори ту дил мебарад аз дасти ҳаким.

Саъдиё, ишқ наёмезаду иффат бо ҳам,
Чанд пинҳон кунӣ овози дуҳул зери гилем?