Мо дили дӯстон ба ҷон бихарем

438

Мо дили дӯстон ба ҷон бихарем,
В-ар ҷаҳон душман аст, ғам нах(в)арем.

Гар ба шамшер мезанад маъшуқ,
Гӯ, бизан, ҷони ман, ки мо сипарем.

Он ки сабр аз ҷамоли ӯ набувад,
Ба зарурат ҷафои ӯ бибарем.

Гар ба хашм асту гар ба айни ризо,
Нигаҳе боз кун, ки мунтазирем.

Як назар бар ҷамоли талъати дӯст
Гар ба ҷон медиҳанд, мо бихарем.

Гар ту гӯӣ, хилофи ақл аст ин,
Оқилон дигаранду мо дигарем,

Бош, то хуни мо ҳамерезад,
Мо дар он дасту қабза менигарем.

Гар биронанду гар бибахшоянд,
Мо бар ин дар гадои як назарем.

Саъдиё, заҳри қотил аз дасташ
Гӯ, биёвар, ки чун шакар бих(в)арем.

Эй насими сабо, зи равзаи унс
Баргузар, пеш аз он ки даргузарем.

Ту Худовандгори бокарамӣ,
Гарчи мо бандагони беҳунарем.