Мо натавонему ишқ панҷа дарандохтан

456

Мо натавонему ишқ панҷа дарандохтан,
Қуввати ӯ мекунад бар сари мо тохтан.

Гар диҳиям раҳ ба хеш, ё нагузорӣ ба пеш,
Ҳар ду ба дастат-дар аст-куштану бинвохтан.

Гар ту ба шамшеру тир ҳамла биёрӣ, равост,
Чораи мо ҳеч нест, ҷуз сипар андохтан.

Киштии дар обро аз ду бурун ҳол нест:
Ё ҳама суд, эй ҳаким, ё ҳама дарбохтан.

Мазҳаб агар ошиқист, суннати ушшоқ чист?
Дил, ки назаргоҳи ӯст, аз ҳама пардохтан1.

Пояи хуршед нест пеши ту афрӯхтан,
Ё қаду болои сарв пеши ту афрохтан.

Ҳар кӣ чунин рӯй дид, ҷома чу Саъдӣ дарид,
Мӯҷиби девонагист офати бишнохтан.

Ё бигудозам чу шамъ, ё бикушандам ба субҳ,
Чора ҳамин беш нест-сӯхтану сохтан.

Мо сипар андохтем бо ту, ки дар ҷанги дӯст
Захм тавон хурду теғ барнатавон охтан.


1 Холӣ кардан, тиҳӣ кардан.