Мо ҳама чашмему ту нур, эй санам

420

Мо ҳама чашмему ту нур, эй санам,
Чашми бад аз рӯи ту дур, эй санам!

Рӯй мапӯшон, ки биҳиштӣ бувад,
Ҳар кӣ бибинад чу ту ҳур, эй санам.

Ҳур хато гуфтам, агар хондамат,
Тарки адаб рафту қусур, эй санам.

То ба карам хурда нагирӣ, ки ман
Ғоибам аз завқи ҳузур, эй санам.

Рӯи ту бар пушти замин халқро
Мӯҷиби фитна-сту футур1, эй санам.

Ин ҳама дилбандию хубӣ туро
Мавзиъи ноз асту ғурур, эй санам.

Сарвбуне хоста чун қоматат,
То нанишинем сабур, эй санам.

Ин ҳама тӯфон ба сарам меравад
Аз ҷигаре ҳамчу танӯр, эй санам.

Саъдӣ аз ин чашмаи ҳайвон, ки хурд,
Сер нагардад ба мурур, эй санам.


1 Сустӣ, заъф.