Муборактар шабу хуррамтарин рӯз

314

Муборактар шабу хуррамтарин рӯз
Ба истиқболам омад бахти фирӯз.

Дуҳулзан, гӯ, ду навбат зан башорат,
Ки дӯшам Қадр буд, имрӯз Наврӯз.

Маҳ аст ин ё малак, ё одамизод?
Парӣ ё офтоби оламафрӯз?

Надонистӣ, ки зиддон дар каминанд,
Накӯ кардӣ алорағми бадомӯз.

Маро бо дӯст, эй душман, висол аст,
Туро гар дил нахоҳад, дида бардӯз!

Шабон донам, ки аз дарди ҷудоӣ
Наёсудам зи фарёди ҷаҳонсӯз.

Гар он шабҳои боваҳшат намебуд,
Намедонист Саъдӣ қадри имрӯз.