Муборакӣ, ки бувад дар ҳама арӯсиҳо

50

Муборакӣ, ки бувад дар ҳама арӯсиҳо,
Дар ин арӯсии мо бод, ай Худо, танҳо!

Муборакии шаби қадру моҳи рӯзаву ид,
Муборакии мулоқоти Одаму Ҳавво!

Муборакии мулоқоти Юсуфу Яъқуб,
Муборакии тамошои ҷаннатулмаъво!

Муборакии дигар, к-он ба гуфт дарн-ояд,
Нисори шодии авлоди шайху миҳтари мо!

Ба ҳамдамиву хушӣ ҳамчу шир боду асал,
Ба ихтилоту вафо ҳамчу шаккару ҳалво!

Муборакии таборак надиму соқӣ бод,
Бар он ки кард омин, бар он ки кард дуъо!