Муоширон, зи ҳарифи шабона ёд оред

241

Муоширон, зи ҳарифи шабона ёд оред,
Ҳуқуқи бандагии мухлисона ёд оред.

Ба вақти сархушӣ аз оҳу нолаи ушшоқ,
Ба савту нағмаи чангу чағона ёд оред.

Чу лутфи бода кунад ҷилва бар рухи соқӣ,
Зи ошиқон ба суруду тарона ёд оред.

Чу дар миёни мурод оваред дасти умед,
Зи аҳди суҳбати мо дар миёна ёд оред.

Саманди давлат агарчанд саркашида равад,
Зи ҳамраҳон ба сари тозиёна ёд оред.

Намехуред замоне ғами вофодорон,
Зи бевафоии даври замона ёд оред.

Ба ваҷҳи марҳамат, эй сокинони садри ҷалол,
Зи рӯйи Ҳофизу ин остона ёд оред.