Муштоқию сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро

7

Муштоқию сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро,
Гар ту шикеб дорӣ, тоқат намонд моро.

Боре ба чашми эҳсон дар ҳоли мо назар кун,
К-аз хони подшоҳон роҳат бувад гадоро.

Султон, ки хашм гирад бар бандагони ҳазрат1,
Ҳукмаш расад, валекин ҳадде бувад ҷафоро.

Ман бе ту зиндагонӣ худро намеписандам,
К-осоише набошад бе дӯстон бақоро.

Чун ташна ҷон супурдам, он гаҳ чӣ суд дорад
Об аз ду чашм додан бар хоки ман гиёро?

Ҳоли ниёзмандӣ дар васф менаёяд,
Он гаҳ, ки боз гардӣ, гӯем моҷароро.

Боз ову ҷони ширин аз ман ситон ба хидмат,
Дигар чӣ барг бошад дарвеши бенаворо?

Ё Раб, ту ошноро муҳлат диҳу саломат,
Чандон, ки боз бинад дидори ошноро.

На мулки подшоро дар чашми хубрӯён
Вақъест2, эй бародар, на зуҳди порсоро.

Эй кош, барфитодӣ бурқаъ зи рӯйи Лайлӣ,
То муддаъӣ намондӣ Маҷнуни мубталоро.

Саъдӣ, қалам ба сахтӣ рафтасту некбахтӣ,
Пас, ҳар чӣ пешат ояд, гардан бинеҳ қазоро.


1 Пешгоҳ, даргоҳ.
2 Эътиборест.