Муштоқи туам бо ҳама ҷаврею ҷафое

504

Муштоқи туам бо ҳама ҷаврею ҷафое,
Маҳбуби манӣ бо ҳама ҷурмею хатое.

Ман худ ба чӣ арзам, ки таманнои ту варзам?
Дар ҳазрати султон кӣ барад номи гадое?

Соҳибназарон лофи муҳаббат написанданд,
В-он гаҳ сипар андохтан аз тири балое.

Бояд ки саре дар назараш ҳеч наярзад,
Он кас, ки ниҳад дар талаби васли ту пое.

Бедоди ту адл асту ҷафои ту каромат,
Дашноми ту хуштар, ки зи бегона дуое.

Ҷуз аҳду вафои ту, ки маҳлул нагардад,
Ҳар аҳд, ки бастам, ҳавасе буду ҳавое.

Гар даст диҳад давлати онам, ки сари хеш
Дар пои саманди ту кунам наълбаҳое,

Шояд ки ба хун бар сари хокам бинависанд:
Ин буд, ки бо дӯст ба сар бурд вафое.

Хун дар дили озурда ниҳон чанд бимонад?
Шак нест, ки сар бар кунад ин дард зи ҷое.

Шарти карам он аст, ки бо дард бимирӣ,
Саъдию нахоҳӣ зи дари халқ давое.