Набоястӣ ҳам аввал меҳр бастан

459

Набоястӣ ҳам аввал меҳр бастан,
Чу дар дил доштӣ паймон шикастан.

Ба нози васл парвардан якеро
Хато кардӣ ба теғи ҳаҷр хастан.

Дигар бор аз парирӯёни ҷаммош1
Намебояд вафои аҳд ҷустан.

Агар ганҷе ба даст орам дигар бор,
Манам з-ин навбату танҳо нишастан.

Валекин сабри танҳоӣ муҳол аст,
Ки натвон дар ба рӯи дӯст бастан.

Ҳамегӯям, бигирям дар ғамат зор,
Дигар гӯям, бихандӣ бар гиристан.

Гар озодам кунӣ, в-ар банда хонӣ,
Маро з-н қайд мумкин нест растан.

Гарам душман шавӣ, в-ар дӯст гирӣ,
Нахоҳам дастат аз доман гусастан.

Қиёс он аст, Саъдӣ, к-аз камандаш
Ба ҷон додан тавонӣ бозрастан.


1 Фиребанда, афсунгар.