Навбати васлу лиқост, навбати ҳашру бақост

143

Навбати васлу лиқост, навбати ҳашру бақост,
Навбати лутфу атост, баҳри сафо дар сафост!

Дурҷи ато шуд падид, ғурраи дарё расид,
Субҳи саъодат дамид, субҳ чӣ, нури Худост!

Сурату тасвир кист?! Ин шаҳу ин мир кист?!
Ин хиради пир кист?! Ин ҳама рӯпӯшҳост!

Чораи рӯпӯшҳо ҳаст чунин ҷӯшҳо,
Чашмаи ин нӯшҳо дар сару чашми шумост.

Дар сари худ печ, лек ҳаст шуморо ду сар,
Ин сари хок аз замин в-он сари пок аз самост!

Ай бас сарҳои пок рехта дар пойи хок,
То ту бидонӣ, ки сар з-он сари дигар ба пост!

Он сари аслӣ ниҳон в-он сари фаръӣ аён,
Дон, ки паси ин ҷаҳон олами бемунтаҳост!

Машк бибанд, ай сақо, менабарад хунби мо,
Кӯзаи идрокҳо танг аз ин тангност!

Аз суйи Табрез тофт Шамси ҳақу гуфтамаш:
«Нури ту ҳам муттасил бо ҳамаву ҳам ҷудост!»