Навозишномае овард бод аз ҳазрати ҷонон

Навозишномае овард бод аз ҳазрати ҷонон,
Мухаллад1 бод бар фарқи гадоён зилли султонон.

Баёзаш нурбахши дидаи ҷамъе ғамандешон,
Саводаш мояи ҷамъияти муште парешонон.

Фишондам ҷон, чу омад ҳамраҳи қосид хаёли ӯ
В-аз ин камхидматӣ шармандаам аз рӯйи меҳмонон.

Фироқаш кофаре омад мусулмонкуш, намедонам,
Чӣ сон аз дасти ин кофар барам ҷон, ай мусулмонон?

Чу гардад танг бар ман олам аз ҳиҷрони ӯ, ҳар шаб
Ниҳам рӯ дар биёбони таманно борагиронон.

Ба сарҳадди диёри ӯ расонам хешро в-он гаҳ
Дароям дар ҳарими ӯ пас аз рухсат зи дарбонон.

Бибинам талъаташ аз дидаи пурнам гуҳаррезон,
Бибӯсам остинаш бар ду олам доманафшонон.

Надида сер дидори вай, аз бими малоли ӯ
Равонӣ бозпас гардам дуогӯён, санохонон.

Ҳаме зӣ шоду хуррам бо хаёлоти хуш, ай Ҷомӣ,
Ки набвад ҷуз хаёле ин ҷаҳон пеши худодонон.


1 Мухаллад – абадӣ, доимӣ.