Нагуфтам, рӯза бисёре напояд

275

Нагуфтам, рӯза бисёре напояд,
Риёзат бигзарад, сахтӣ сар ояд?

Пас аз душворӣ осонист ночор,
Валекин одамиро сабр бояд.

Рух аз мо то ба кай пинҳон кунад ид?
Ҳилол, онак1, ба абрӯ менамояд.

Саробустон дар ин мавсим чӣ бандӣ?
Дараш бикшой, то дил баркушояд.

Ғуломонро бигӯ, то уд сӯзанд,
Канизакро бигӯ, то мушк сояд,

Ки пиндорам, нигори сарвболо
Дар ин дам таҳниятгӯён дарояд.

Саворон ҳалқа бирбуданду он шӯх
Ҳанӯз аз ҳалқаҳо2 дил мерабояд.

Чу ёр андар ҳадис ояд ба маҷлис,
Муғанниро3 бигӯ, то кам сарояд,

Ки шеър андар чунин маҷлис нагунҷад,
Вале, гар гуфтаи Саъдист, шояд.


1 Он ҷо.
2 Маҳфилҳо.
3 Овозхон, сароянда.