Надидамат, ки бикардӣ вафо, бад-ончи бигуфтӣ

530

Надидамат, ки бикардӣ вафо, бад-ончи бигуфтӣ,
Тариқи васл кушодӣ, ман омадам, ту бирафтӣ.

Вафои аҳд намудӣ, дили салим рабудӣ,
Чу хештан ба ту додам, ту майл бозгирифтӣ.

На дасти аҳд гирифтӣ, ки пои васл бидорам,
Ба чашми хеш бидидам, хилофи ҳар чӣ бигуфтӣ.

Ҳазор чора намудам, ки ҳамъинони ту гардам,
Ту паҳлавонтар аз онӣ, ки дар каманди ман афтӣ.

На адл буд намудан, хаёли васлу рабудан,
Чаро зи ошиқи мискин ҳам аввалаш наниҳуфтӣ?

Ту қадри суҳбати ёрону дӯстон нашиносӣ,
Магар шабе, ки чу Саъдӣ ба доғи ишқ бихуфтӣ.