Надиҳад марди ҳушманд ҷавоб

Надиҳад марди ҳушманд ҷавоб,
Магар он гаҳ к-аз ӯ суол кунанд.
Гарчи барҳақ бувад мизоҷи сухан,
Ҳамли даъвиш бар муҳол кунанд.