Надорам вақти гул тоқат, ки бе ту рӯйи гул бинам

Надорам вақти гул тоқат, ки бе ту рӯйи гул бинам,
Ҳама домони гул чинанду ман доман зи гул чинам.

Нишаста дӯстон дар пойи гул, ман ҳам ҳавас дорам,
Ки дар пойи гуле биншонамат, пеши ту биншинам.

Ҳаме рӯбам ба мижгон роҳи ту, бошад, ҳавохоҳе
Пас аз хоби аҷал з-ин хок созад хишти болинам.

Закоти ҳусни худ, гӯянд, мебахшӣ ба мискинон,
Бибахшо андаке, ҷоно, ки ман бисёр мискинам.

Чу мурғи нимбисмил метапам аз шавқи теғи ту,
Худоро, дасти раҳмат баркушо аз баҳри таскинам.

Маро ҷуз ишқу расвоию қаллошӣ намебояд,
Рав, ай носеҳ, ту мебош он чӣ мехоҳӣ, ки ман инам.

Магӯ, шарҳи сиришки худ макун дар ҳар ғазал, Ҷомӣ,
К-аз ин хуноба дорад ранг маъниҳои рангинам.