Назаре ба кори ман кун, ки зи даст рафт корам

593

Назаре ба кори ман кун, ки зи даст рафт корам,
Ба касам макун ҳавола, ки ба ҷуз ту кас надорам!

Чи камӣ дарояд охир, башаро, ба хонаи ту,
Агар аз шароби васлат бибарӣ зи сар хуморам?!

Чу наям сазои шодӣ, зи худам мадор беғам,
Ки дар ин миён ҳамеша ғами туст ғамгусорам!