Намози шоми ғарибон чу гиря оғозам

333

Намози шоми ғарибон чу гиря оғозам,
Ба мӯяҳои ғарибона қисса пардозам.

Ба ёди ёру диёр ончунон бигирям зор,
Ки аз ҷаҳон раҳу расми сафар барандозам.

Ман аз диёри ҳабибам, на аз билоди ғариб,
Муҳаймино, ба рафиқони худ расон бозам!

Худойро, мададе, эй рафиқи раҳ, то ман
Ба кӯйи майкада дигар алам барафрозам.

Хирад зи пирии ман кай ҳисоб баргирад,
Ки боз бо санаме тифли ишқ мебозам?

Ба ҷуз сабову шамолам намешиносад кас,
Азизи ман, ки ба ҷуз бод нест дамсозам.

Ҳавои манзили ёр оби зиндагонии мост,
Сабо, биёр насиме зи хоки Шерозам.

Сиришкам омаду айбам бигуфт рӯй ба рӯй,
Шикоят аз кӣ кунам, хонагист ғаммозам.

Зи чанги Зуҳра шунидам, ки субҳдам мегуфт:
«Ғуломи Ҳофизи хушлаҳҷаи хушовозам».