Нарафт, то ту бирафтӣ, хаёлат аз назарам

384

Нарафт, то ту бирафтӣ, хаёлат аз назарам,
Бирафт дар ҳама олам ба бедилӣ хабарам.

На бахту давлати онам, ки бо ту биншинам,
На сабру тоқати онам, ки аз ту даргузарам.

Ман аз ту рӯй нахоҳам ба дигаре овард,
Ки зишт бошад ҳар рӯз қиблаи дигарам.

Балои ишқи ту бар ман чунон асар кардаст,
Ки панди олиму обид намекунад асарам.

Қиёматам, ки ба девони ҳашр пеш оранд,
Миёни он ҳама ташвиш дар ту менигарам.

Ба ҷони дӯст, ки чун дӯст дар барам бошад,
Ҳазор душман агар бар саранд, ғам нах(в)арам.

Нишони пайкари хубат наметавонам дод,
Ки дар тааммули ӯ хира мешавад басарам.

Ту низ агар нашиносӣ маро, аҷаб набувад,
Ки ҳар чӣ дар назар ояд, аз он заъифтарам.

Ба ҷону сар, ки нагардонам аз висоли ту рӯй,
В-агар ҳазор маломат расад ба ҷону сарам.

Маро магӯй, ки, Саъдӣ, чаро парешонӣ?
Хаёли рӯи ту бармеканад ба якдигарам.