Насими субҳи саодат бад-он нишон, ки ту донӣ

476

Насими субҳи саодат бад-он нишон, ки ту донӣ,
Гузар ба кӯйи фалон кун, дар он замон, ки ту донӣ.

Ту пайки хилвати розию дида бар сари роҳат,
Ба мардумӣ, на ба фармон, чунон бирон, ки ту донӣ.

Бигӯ, ки ҷони азизам зи даст рафт, Худоро,
Зи лаъли рӯҳфазояш бибахш он, ки ту донӣ.

Ман ин ду ҳарф навиштам чунон, ки ғайр надонист,
Ту ҳам зи рӯи каромат чунон бихон, ки ту донӣ.

Хаёли теғи ту бо мо ҳадиси ташнаву об аст,
Асири хеш гирифтӣ, бикуш, чунон ки ту донӣ.

Умед дар камари заркашат чӣ гуна бибандам?
Дақиқаест, нигоро, дар он миён, ки ту донӣ.

Якест туркию тозӣ дар ин муомила, Ҳофиз,
Ҳадиси ишқ баён кун бад-он забон, ки ту донӣ.