Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд

256

Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд
Бо рафиқе ду, ки доим натавон танҳо буд.

Хоки Шероз чу дебои мунаққаш дидам,
В-он ҳама сурати шоҳид, ки бар он дебо буд.

Порс дар сояи иқболи Атобак1 эмин,
Лекин аз нолаи мурғони чаман ғавғо буд.

Шаккарин пистадаҳоне ба тафарруҷ бигузашт,
Ки чӣ гӯям, натавон гуфт, ки чун зебо буд.

Яъламуллаҳ, ки шақоиқ на бад-он лутфу суман
На бад-он бӯю санавбар на бад-он боло буд.

Фитнаи Сомирияш дар назари шӯрангез,
Нафаси исавияш дар дар лаби шаккархо буд.

Ман дар андеша, ки бут ё маҳи нав, ё малак аст,
Ёри бутпайкари маҳрӯи малаксимо буд.

Дили Саъдию ҷаҳоне ба даме ғорат кард,
Ҳамчу Наврӯз, ки бар хони малик яғмо буд.


1 Атобак Музаффаруддин Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангӣ – подшоҳи Порс.