Нафас баромаду ком аз ту барнамеояд

237

Нафас баромаду ком аз ту барнамеояд,
Фиғон, ки бахти ман аз хоб дарнамеояд.

Сабо ба чашми ман андохт хоке аз кӯят,
Ки оби зиндагиям дар назар намеояд.

Қади баланди туро то ба бар намегирам,
Дарахти кому муродам ба бар намеояд.

Магар ба рӯйи дилорои ёри моҳрӯе,
Ба ҳеч ваҷҳи дигар кор бар намеояд.

Муқими зулфи ту шуд дил, ки хуш саводе дид
В-аз он ғариби балокаш хабар намеояд.

Зи шасти сидқ гушодам ҳазор тири дуо,
Вале чӣ суд, яке коргар намеояд.

Басам ҳикояти дил ҳаст бо насими саҳар,
Вале ба бахти ман имшаб саҳар намеояд.

Дар ин хаёл ба сар шуд зимоми умру ҳанӯз
Балои зулфи сиёҳат ба сар намеояд.

Зи бас, ки шуд дили Ҳофиз рамида аз ҳар кас,
Кунун зи ҳалқаи зулфат ба дар намеояд.