Нашнидаам, ки моҳе бар сар ниҳад кулоҳе

636

Нашнидаам, ки моҳе бар сар ниҳад кулоҳе,
Ё сарв бо ҷавонон ҳаргиз равад ба роҳе.

Сарви баланду бустон бо ин ҳама латофат,
Ҳар рӯзаш аз гиребон сар бар накард моҳе.

Гар ман сухан нагӯям дар лутфи эътидолат,
Болот худ бигӯяд з-ин росттар гувоҳе.

Рӯзе чу подшоҳон хоҳам, ки барнишинӣ,
То бишнавӣ зи ҳар сӯ фарёди додхоҳе.

Бо лашкарат чӣ ҳоҷат рафтан ба ҷанги душман?
Ту худ ба чашму абрӯ бар ҳам занӣ сипоҳе.

Хайле ниёзмандон бар роҳат истода,
Гар мекунӣ ба раҳмат дар хастагон нигоҳе.

Эмин машав, ки рӯят оинаест равшан,
То кай чунин бимонад, в-аз ҳар канора оҳе?

Гӯӣ, чӣ ҷурм дидӣ, то душманам гирифтӣ?
Худро намешиносам ҷуз дӯстӣ гуноҳе.

Эй моҳи сарвқомат, шукронаи саломат,
Аз ҳоли зердастон мепурс гоҳ-гоҳе.

Шере дар ин қазият кеҳтар шуда зи мӯре,
Кӯҳе дар ин тарозу камтар шуда зи коҳе.

Тарсам, чу бозгардӣ, аз даст рафта бошам,
В-аз рустанӣ набинӣ бар гӯри ман гиёҳе.

Саъдӣ, ба ҳар чӣ ояд, гардан бинеҳ, ки шояд,
Пеши кӣ дод хоҳӣ аз дасти подшоҳе?!