Наёям сӯйи ту, ҳарчанд сӯзад шавқи дидорам

Наёям сӯйи ту, ҳарчанд сӯзад шавқи дидорам,
Ки бо ағёр ҳамдам диданат тоқат намеорам.

Туро гар дар ҳақи ёрон бувад андешаи қатле,
Ба ҳаққи дӯстӣ, ёро, ки бо он низ ҳам ёрам.

Зи шавқи он лаби нӯшин зи дида то саҳар ҳар шаб
Ақиқи ноб мерезам, сиришки лаъл меборам.

Аз он лаб нимҷоне орият дорам, биё, ҷоно,
Бинеҳ лаб бар лабам, к-он ориятро бо ту биспорам.

Макӯш, ай ақл, дар ислоҳи кори ман, ки ман з-ин пас
Зи савдои парирӯе сари девонагӣ дорам.

Ҳамебинам ба бустон сарв, қадди туст – мегӯям,
Ҳаметобад зи гардун моҳу рӯйи туст – пиндорам.

Суйи худ хондам аз кӯйи ту дилро. Гуфт: «– Рав, Ҷомӣ,
Ки ман ин ҷо ба доми ишқи бадхӯйе гирифторам».