На ба лутф аз ситами дӯст тавон ёфт халос

На ба лутф аз ситами дӯст тавон ёфт халос,
На ба сабр аз алами дӯст тавон ёфт халос.

Ай, ки гӯйӣ, ки ба ишрат раҳӣ аз ғам, ҳошо,
Кай ба ишрат зи ғами дӯст тавон ёфт халос.

Ҷаври ӯ ҳар нафасе бешу вафо кам бошад,
Мушкил аз бешу ками дӯст тавон ёфт халос.

Рӯзу шаб ҳамдами ӯ бош, ки аз мурдадилӣ
Чун Масеҳо зи дами дӯст тавон ёфт халос.

Дидаро чун расад аз гиряи ҳиҷрон рамаде,
З-он ба хоки қадами дӯст тавон ёфт халос.

З-ин ҳама нақши хато бар варақи даҳр зада,
Ба муанбар рақами дӯст тавон ёфт халос.

Ҷомиё, дида ба раҳ дор, ки аз хушклабӣ
Ба наме аз қалами дӯст тавон ёфт халос.