На он шаб аст, ки кас дар миёни мо гунҷад

159

На он шаб аст, ки кас дар миёни мо гунҷад,
Ба хоки поят, агар зарра дар ҳаво гунҷад.

Кулоҳи нозу такаббур бинеҳ, камар бикшой,
Ки чун ту сарв надидам, ки дар қабо гунҷад.

Зи ман ҳикояти ҳиҷрон мапурс дар шаби васл,
Итоб кист, ки дар хилвати ризо гунҷад?

Маро шакар маниҳу гул марез дар маҷлис,
Миёни Хусраву Ширин шакар куҷо гунҷад?

Чу шӯри ишқ даромад, қарори ақл намонд,
Даруни мамлакате чун ду подшо гунҷад?

Намонд дар сари Саъдӣ зи бонги руду суруд
Маҷоли он, ки дигар панди порсо гунҷад.