На тариқи дӯстон асту на шарти меҳрбонӣ

617

На тариқи дӯстон асту на шарти меҳрбонӣ,
Ки ба дӯстони якдил сару даст барфишонӣ.

Дилам аз ту чун биранҷад, ки ба ваҳм дар нагунҷад,
Ки ҷавоби талх гӯӣ ту бад-ин шакардаҳонӣ.

Нафасе биёву биншин, сухане бигӯву бишнав,
Ки ба ташнагӣ бимурдам бари оби зиндагонӣ.

Ғами дил ба кас нагӯям, ки бигуфт ранги рӯят,
Ту ба суратам нигаҳ кун, ки сароирам1 бидонӣ.

Аҷабат биёяд аз ман суханони сӯзнокам,
Аҷаб аст, агар бисӯзам, чу ба оташам нишонӣ.

Дили орифон бибурданду қарори порсоён,
Ҳама шоҳидон ба сурат, ту ба сурату маъонӣ.

На хилофи аҳд кардам, ки ҳадиси ҷуз ту гуфтам,
Ҳама бар сари забонанду ту дар миёни ҷонӣ.

Агарат, ба ҳар кӣ дунё, бидиҳанд, ҳайф бошад,
В-агарат, ба ҳар чӣ уқбо, бихаранд, ройгонӣ.

Ту назири ман бибинию бадили ман бигирӣ,
Ивази ту ман наёбам, ки ба ҳеч кас намонӣ.

На аҷаб камоли ҳуснат, ки ба сад забон бигӯям,
Ки ҳанӯз пеши зикрат хиҷилам ба безабонӣ.

Мадеҳ, эй рафиқ, пандам, ки назар бар ӯ фикандам,
Ту миёни мо надонӣ, ки чӣ меравад ниҳонӣ.

Мазан, эй адӯ, ба тирам, ки бад-ин қадар намирам,
Хабараш бигӯ, ки ҷонат бидиҳам ба муждагонӣ.

Бути ман, чӣ ҷои Лайлӣ, ки бирехт хуни Маҷнун?
Агар ин қамар бибинӣ, дигар он самар2 нахонӣ.

Дили дардманди Саъдӣ зи муҳаббати ту хун шуд,
На ба васл мерасонӣ, на ба қатл мераҳонӣ.


1 Розҳо.
2 Афсона.