На ҳар бозу, ки дар вай қуввате ҳаст

На ҳар бозу, ки дар вай қуввате ҳаст,
Ба мардӣ оҷизонро бишканад даст.
Заифонро макун бар дил газанде,
Ки дармонӣ ба ҷаври зӯрманде.