Некбахт ва бадбахт

1. Шод зӣ бо сиёҳчашмон1, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!

2. З-омада шодмона бояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.

3. Ману он ҷаъдмӯйи2 ғолиябӯй3,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод4.

4. Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.

5. Боду абр аст ин ҷаҳони фисус,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!

6. Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеч кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?!

7. Дод5 дидаст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона6, то ту бинӣ дод?!

ВАЗН: рамали мусаддаси маҳзуф (фоилотун мафоилун фаълун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: шод, бод, ёд, ҳурнажод…

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Сиёҳчашмон: духтарони сиёҳчашм, маҳбубаи зебои сиёҳчашм.

2. Ҷаъдмӯй: мӯйи ҷингила (печон), духтаре, ки мӯйи ҷингилаи зебо дорад.

3. Ғолиябӯй: бӯйи мушку анбар.

4. Ҳурнажод: аз нажоди ҳур, насли ҳур, ҳур – зани бисёр зебо дар ҷаннат, яъне, зани зебо.

5. Дод: адл, адолат.

6. Фарзона: хирадманд, оқилу доно.

Маънии байти 1: Бо ёри сиёҳчашми зеборӯят шодмона зиндагонӣ кун ва ҳар дақиқаи ҳаётро ба хурсандӣ гузарон, ки ин дунё арзиши дилбастагиро надорад ва пучу беҳуда аст.

Маънии байти 2: Ҳар чизе, ки дар насибаву рӯзият ҳаст, шодмона қабул куну зиндагиятро хуш гузарон, аз ҳодисаву воқеаҳои бади гузашта ёд макуну худро ғамгин масоз.

Маънии байти 3: Ман бо ёри ҷингиламӯю анбарбӯйи ҳурнажодам зиндагии хуш дорам ва ҳеч ғамро ба дил роҳ намедиҳам.

Маънии байти 4: Хушбахт он касест, ки аз пулу моли дар дастдоштааш ҳам худ мехӯрад ва ҳам ба касони муҳтоҷ медиҳад, аммо он инсон, ки умрро барои ҷамъоварии пулу мол сарф мекунаду аз он сарвати ҷамъовардааш на худ мехӯраду на ба муҳтоҷон медиҳад, бадбахт аст.

Маънии байти 5: Ин ҷаҳон пучу беҳуда асту лоиқи дилбастагиро надорад, шоду хурсанд зиндагӣ куну умри кӯтоҳро ба беҳудагӣ магузарон ва ҳар чӣ пеш меояд, бигузор биёяд, аз ғам хӯрдан мурод ҳосил намешавад.

Маънии байти 6: Ҳаргиз ҳеч кас аз ин ҷаҳон шод нарафтааст, ки ту аз он шод бошӣ, зеро касе дар ин дунё абадӣ нест ва ҳама рӯзе бояд онро тарк кунанд. Аз ин рӯ, фурсатро ғанимат шумору зиндагониятро хуш гузарон.

Маънии байти 7: Ҳеч як марди хирадманд, ки оқибати ин дунёи буқаламунро медонад, аз он шод набудаву адолат надидааст, ки ту бибинӣ.