Нестам чун ёр туркигӯ, вале то зиндаам

Нестам чун ёр туркигӯ, вале то зиндаам
Чашми турку лаъли туркигӯйи ӯро бандаам.

Резам аз ширинзабонӣ дар сухан шаккар, вале
Пеши он лаб аз забони хештан шармандаам.

Нест он шакли ҳилоле, захми нохун бар танам,
Нақши наъли тавсанаш бар синаи худ кандаам.

Халқе афганда сипар аз саҳми тири ӯву ман
То нагардад монеи тираш, сипар афгандаам.

Оташи шавқам зи оби дида афзун мешавад,
Ваҳ, ки меояд чу абр аз гиряи худ хандаам.

Гар диҳад дастам, ки ёбам давлати побӯси ӯ,
Бошад ин маънӣ далели давлати пояндаам.

Ёр агар бигсист, Ҷомӣ, кисвати фақрам ҳаром,
Гар бувад як бахя бе пайванди ӯ бар жандаам.