Нест дар шаҳр нигоре, ки дили мо бибарад

128

Нест дар шаҳр нигоре, ки дили мо бибарад,
Бахтам ар ёр шавад, рахтам аз ин ҷо бибарад.

Ку ҳарифе каши сармаст, ки пеши карамаш
Ошиқи сӯхтадил номи таманно бибарад.

Боғбоно, зи хазон бехабарат мебинам,
Оҳ аз он рӯз, ки бодат гули раъно бибарад!

Раҳзани даҳр нахуфтаст, машав эмин аз ӯ,
Агар имрӯз набурдаст, ки фардо бибарад.

Дар хаёл ин ҳама луъбат ба ҳавас мебозам,
Бу, ки соҳибназаре номи тамошо бибарад.

Илму фазле, ки ба чил сол дилам ҷамъ овард,
Тарсам, он наргиси мастона ба яғмо бибарад.

Бонги гове чӣ садо боздиҳад, ишва махар,
Сомирӣ кист, ки даст аз яди байзо бибарад?

Ҷоми миноии май садди раҳи тангдилист,
Манеҳ аз даст, ки сели ғамат аз ҷо бибарад.

Роҳи ишқ арчи камингоҳи камондорон аст,
Ҳар кӣ дониста равад, сарфа зи аъдо бибарад.

Ҳофиз, ар ҷон талабад ғамзаи мастонаи ёр,
Хона аз ғайр бипардозу биҳил, то бибарад.