Не аз ту ҳаёти ҷовидон мехоҳам

Не аз ту ҳаёти ҷовидон мехоҳам,
Не айшу танаъъуми ҷаҳон мехоҳам.
Не коми дилу роҳати ҷон мехоҳам,
Оне ки ризои туст, он мехоҳам.