Ними ноне гар хӯрад марди Худой

Ними ноне гар хӯрад марди Худой,
Базли дарвешон кунад ними дигар.
Мулки иқлиме бигирад подшоҳ,
Ҳамчунон дар банди иқлиме дигар.

Инсони мӯъмину худотарс (ки дил ба ин дунё набастааст), агар ними як нонро хӯрад, ними боқимондаи онро ба бенавоёну дарвешон мебахшад ва садақа мекунад. Аммо агар подшоҳе ҳукумати як кишварро ба даст оварад, боз ҳам (аз он серӣ надошта), дар ғами ба даст овардани кишвари дигае мебошад. (Ва ҳамин тавр, нафсу хоҳиши шахси дунёталаб беохир аст.)