Нишони бахти баланд асту толиъи маймун

474

Нишони бахти баланд асту толиъи маймун
Алассабоҳ назар бар ҷамоли рӯзафзун.

Алалхусус касеро, ки табъ мавзун аст,
Чӣ гуна дӯст надорад шамоили мавзун?

Гар обрӯй бирезад миёни анҷуманат,
Ба дасти дӯст ҳалол аст, агар бирезад хун.

Мисоли ошиқу маъшуқ шамъу парвона-ст,
Сари ҳалок надорӣ, магард пиромун.

Бисӯхт Маҷнун дар ишқи сурати Лайлӣ,
Аҷаб, ки Лайлиро дил насӯхт бар Маҷнун.

Чӣ гуна васфи ҷамолаш кунам, ки ҳайронро
Маҷоли нутқ набошад, ки бозгӯяд чун.

Ҳамин тағайюри1 берун далели ишқ бас аст,
Ки дар ҳадис намегунҷад иштиёқи дарун.

Агар касе нафасе аз замони суҳбати дӯст
Ба мулки рӯи замин медиҳад, зиҳӣ, мағбун!

Сухан дароз кашидему ҳамчунон боқист
Ҳадиси дилбари фаттону ошиқи мафтун.

Ҷафои ишқи ту чандон ки мебарад Саъдӣ,
Хаёли васли ту аз сар намекунад берун.


1 Дигаргунӣ.