Нодида рухат умре савдои ту варзидам

Нодида рухат умре савдои ту варзидам,
Фориғ зи ту чун бошам, акнун зи рухат дидам?

То сохт маро дар дил меҳри рухи ту манзил,
Дил аз ҳама баркандам, меҳр аз ҳама бибридам.

Ҳар ҷо, ки ба базми май бархост ҳавои най,
Дамсоз шудам бо вай в-аз шавқи ту нолидам.

Ҳар хори ғаме, к-аз дил хоҳам кашам, ай гулрух,
З-он хор кунам сӯзан, к-аз хоки дарат чидам.

Аз заъф шудам мӯйе, нагзашт даме бар ман,
К-аз оташи ишқи ту бар хеш напечидам.

Ту Каъбаи мақсудӣ, айбе набувад бар ман,
Гар рӯ ба ту овардам, ё гирди ту гардидам.

Завқе дигар аст ин бор ашъори туро, Ҷомӣ,
Ҳаргиз зи найи килкат ин замзама нашнидам.