Нозанино, як шабе бо ошиқон дамсоз бош

Нозанино, як шабе бо ошиқон дамсоз бош,
Тоҷи раъноӣ ба сар, султони тахти ноз бош.

Шамъи маҷлис шав ба он рухсор, гӯ, ушшоқро
Мурғи ҷон гирди ту чун парвона дар парвоз бош.

З-абрувон зеҳ кун камон в-аз баҳри қатли ошиқон
Аз мижа новак фиган в-аз ғамза тирандоз бош.

Бо лаби лаълу хати навхезу зулфи мушкбез
Ҳар балоро аввалу ҳар фитнаро оғоз бош.

Пой то сар раҳмате ҳар дам мабанд аз ноз чашм,
Ин дари раҳмат ба рӯйи бедилон, гӯ, боз бош.

То ба кай бошӣ, дило, маҳрум аз он мӯйи миён,
Чун камар гирдаш даро в-аз маҳрамони роз бош.

Хоҳадат рӯзе ба базми васл хондан лутфи дӯст,
Ҷомиё, гар ҳушмандӣ, гӯш бар овоз бош!