Нуктае дилкаш бигӯям: холи он маҳрӯ бибин

402

Нуктае дилкаш бигӯям: холи он маҳрӯ бибин,
Ақлу ҷонро бастаи занҷири он гесӯ бибин.

Айби дил кардам, ки ваҳшивазъу ҳарҷойӣ мабош,
Гуфт: Чашми шергиру ғанҷи он оҳу бибин.

Ҳалқаи зулфаш тамошохонаи боди сабост,
Ҷони сад соҳибдил он ҷо бастаи як мӯ бибин.

Обидони офтоб аз дилбари мо ғофиланд,
Эй маломатгӯ, Худоро, рӯ мабин, он рӯ бибин.

Зулфи дилдуздаш саборо банд бар гардан ниҳод.
Бо ҳаводорони раҳрав ҳилаи ҳинду бибин.

Ин ки ман дар ҷӯстуҷӯи ӯ зи худ берун шудам,
Кас надонисту набинад мислаш аз ҳар сӯ бибин.

Ҳофиз ар дар гӯшаи меҳроб менолад, равост,
Эй насиҳатгӯ, Худоро, он хами абру бибин.

Аз муроди Шоҳ Мансур, эй фалак, рӯ барматоб,
Тезии шамшер бингар, қуввати бозу бибин.