Оби чашмам то ба моҳӣ рафт, оҳам то ба моҳ

Оби чашмам то ба моҳӣ рафт, оҳам то ба моҳ,
Ҳаст бар дарди дилам аз моҳ то моҳӣ гувоҳ.

Шуд муаллим пир дар таълими халқ, аммо чӣ суд,
Чун надонад абҷади ишқат дуруст аз тифли роҳ?

Баъди айёме, ки мебинам рухат пеши назар,
Гоҳ оби дида монеъ мешавад, гаҳ дуди оҳ.

Хоки поятро нигаҳ медорад аз рӯям рақиб,
Он сияҳрӯ ҳеҷ рӯйи ман намедорад нигоҳ.

Афтам аз шавқат мани гирён ба пойи сарву гул,
Ғарқа гаштам, мезанам дасте ба ҳар шохи гиёҳ.

Ҷони ширин гуфтам он лабро, зи ман талх омадаш,
Гар пазирад узрам акнун, ҳастам аз ҷон узрхоҳ.

Нест Ҷомиро ҷазо бо ин ҳама даъвии меҳр,
З-ин рухи некӯ ҷуз оҳе аҳсануллоҳи ҷазоҳ1.


1 Тарҷума: Худо ба ӯ мукофоти хайр диҳад.