Оби ҳаёти ман аст хоки сари кӯи дӯст

105

Оби ҳаёти ман аст хоки сари кӯи дӯст,
Гар ду ҷаҳон хуррамист, мову ғами рӯи дӯст.

Валвала дар шаҳр нест, ҷуз шикани зулфи ёр,
Фитна дар офоқ нест, ҷуз хами абрӯи дӯст.

Доруи муштоқ чист? Заҳр зи дасти нигор,
Марҳами ушшоқ чист? Захм зи бозуи дӯст.

Дӯст ба ҳиндуи1 худ гар бипазирад маро,
Гӯши ману то ба ҳашр2 ҳалқаи ҳиндуи дӯст.

Гар мутафарриқ шавад хоки ман андар ҷаҳон,
Бод наёрад рабуд гарди ман аз кӯи дӯст.

Гар шаби ҳиҷрон маро тохтан орад аҷал,
Рӯзи қиёмат занам хайма ба паҳлӯи дӯст.

Ҳар ғазалам номаест, сурати ҳоле3 дар ӯ,
Нома навиштан чӣ суд, чун нарасад сӯи дӯст?

Лоф мазан, Саъдиё, шеъри ту худ сеҳр гир,
Сеҳр нахоҳад харид ғамзаи ҷодуи дӯст.


1 Ғуломӣ, чокарӣ.
2 Рӯзи растахез.
3 Шарҳи ҳолу аҳвол.