Омад баҳори ошиқон, то хокдон бустон шавад

185

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бустон шавад,
Омад нидои осмон, то мурғи ҷон паррон шавад!

Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун Кавсар шавад,
Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад!

Гар чашму ҷони ошиқон чун абри тӯфонбор шуд,
Аммо дил андар абри тан чун барқҳо рахшон шавад!

Донӣ, чаро чун абр шуд дар ишқ чашми ошиқон?!
Зеро ки он маҳ бештар дар абрҳо пинҳон шавад!

Ай шоду хандон соъате, к-он абрҳо гирянда шуд,
Ё Раб, хуҷаста ҳолате, к-он барқҳо хандон шавад!

З-он сад ҳазорон қатраҳо як қатра нояд бар замин
В — ар з — он ки ояд бар замин, ҷумла ҷаҳон вайрон шавад!

Ҷумла ҷаҳон вайрон шавад в — аз ишқ ҳар вайронае
Бо Нӯҳ ҳамкиштӣ шавад, пас маҳрами тӯфон шавад!

Тӯфон агар сокин будӣ, гардон набудӣ осмон,
З-он мавҷи берун аз ҷиҳат ин шаш ҷиҳат ҷунбон шавад!

Ай монда зери шаш ҷиҳат, ҳам ғам бихур, ҳам ғам махур,
К-он донаҳо зери замин як рӯз нахлистон шавад!

Аз хок рӯзе сар кунад, он бех шохи тар кунад,
Шохе ду-се гар хушк шуд, боқӣ-ш обистон шавад!

В-он хушк чун оташ шавад, оташ чу ҷон ҳам хуш шавад,
Он ин набошад, ин шавад, ин он набошад, он шавад.

Чизе даҳонамро бибаст, яъне канори бому маст,
Ҳар чи ту з-он ҳайрон шавӣ, он чиз аз ӯ ҳайрон шавад!