Омад насиму роиҳаи мушкбор дод

Омад насиму роиҳаи мушкбор дод,
Мурғони боғро хабари навбаҳор дод.

Ҳар равзаи умед ниҳоле, ки руста буд,
Боло кашиду меваи мақсуд бор дод.

Кӯтаҳ кунам ҳадиси гаронмоя қосиде,
Аз раҳ расиду муждаи иқболи ёр дод.

Сӯфӣ ба шукри муждаи ӯ базми айш сохт,
Тасбеҳу хирқаро ба майи хушгувор дод.

Омад ғубори мавкаби ӯ ҳамдами насим,
Ушшоқро ҷилои басар з-он ғубор дод.

Наззораи рухаш ҳама касро надод рӯй,
Бас хастадил, ки ҷон ба раҳи интизор дод.

Андохт сояи карам он шоҳи додбахш,
Ҷомӣ, бихоҳ аз ситами рӯзгор дод!