Онак, аз ҷаннати фирдавс яке меояд

291

Онак, аз ҷаннати фирдавс яке меояд,
Ахтаре мегузарад, ё малаке меояд.

Ҳар шакарпора, ки дармерасад аз олами ғайб,
Бар дили реши азизон намаке меояд.

То магар ёфта гардад нафасе хидмати ӯ,
Нафасе меравад аз умру яке меояд.

Саъдиё, лашкари султони ғамаш мулки вуҷуд
Ҳам бигирад, ки дамодам язаке1 меояд.


1 Пешрави лашкар.