Онон, ки ба кунҷи офият биншастанд

Онон, ки ба кунҷи офият биншастанд,
Дандони сагу даҳони мардум бастанд.
Коғаз бидариданду қалам бишкастанд
В-аз дасти забони ҳарфгирон растанд.