Он дӯст ки ман дораму он ёр ки ман донам

412

Он дӯст ки ман дораму он ёр ки ман донам,
Ширин даҳане дорад, дур аз лабу дандонам.

Бахт ин накунад бо ман, к-он шохи санавбарро
Биншинаму биншонам, гул бар сараш афшонам.

Эй рӯи дилороят маҷмӯаи зебоӣ,
Маҷмӯъ чӣ ғам дорад, аз ман ки парешонам?

Дарёб, ки нақше монд аз тарҳи вуҷуди ман,
Чун ёди ту меорам, худ ҳеч намемонам.

Бо васл намепечам, в-аз ҳаҷр наменолам,
Ҳукм, он чи ту фармоӣ, ман бандаи фармонам.

Эй хубтар аз Лайлӣ, бим аст, ки чун Маҷнун
Ишқи ту бигардонад дар кӯҳу биёбонам.

Як пушти замин душман гар рӯй ба ман оранд,
Аз рӯи ту безорам, гар рӯй бигардонам.

Дар доми ту маҳбусам, дар дасти ту мағлубам,
В-аз завқи ту мадҳушам, дар васфи ту ҳайронам.

Дасте зи ғамат бар дил, пое зи паят дар гил,
Бо ин ҳама сабрам ҳаст, в-аз рӯи ту натвонам.

Дар хуфя ҳаменолам, в-ин турфа, ки дар олам
Ушшоқ намехусбанд аз нолаи пинҳонам.

Бинӣ, ки чӣ гарм оташ дар сӯхта мегирад,
Ту гармтарӣ з-оташ, ман сӯхтатар з-онам.

Гӯянд, макун, Саъдӣ, ҷон дар сари ин савдо,
Гар ҷон биравад, шояд, ман зинда ба ҷононам.