Он кас, ки аз ӯ сабр муҳол асту сукунам

422

Он кас, ки аз ӯ сабр муҳол асту сукунам,
Бигзашт, даҳ ангушт фурӯ бурда ба хунам,

Пурсид, ки чунӣ зи ғаму дарди ҷудоӣ?
Гуфтам: На чунонам, тавон гуфт, ки чунам.

З-он гаҳ, ки маро рӯи ту меҳроби назар шуд,
Аз дасти забонҳо ба таҳаммул чу сутунам.

Машнав, ки ҳама умр ҷафо бурдаам аз кас,
Ҷуз бар сари кӯи ту, ки девори забунам.

Бим аст, ки шарҳи ғами ишқи ту нависам,
К-оташ ба қалам дарфитад аз сӯзи дарунам.

Онон ки шумурданд маро оқилу ҳушёр,
Гӯ, то бинависанд гувоҳӣ ба ҷунунам.

Шамшер баровар, ки муродам сари Саъдист,
В-ар сар наниҳам дар қадамат, ошиқи дунам.