Он кас, ки ба даст ҷом дорад

118

Он кас, ки ба даст ҷом дорад,
Султонии Ҷам мудом дорад.

Обе, ки Хизир ҳаёт аз ӯ ёфт,
Дар майкада ҷӯ, ки ҷом дорад.

Сарриштаи ҷон ба ҷом бигзор,
К-ин ришта аз ӯ низом дорад.

Мову маю зоҳидону тақво,
То ёр сари кадом дорад.

Берун зи лаби ту соқие нест,
Дар давр касе, ки ком дорад.

Наргис ҳама шеваҳои мастӣ
Аз чашми хушат ба вом дорад.

Зикри руху зулфи ту диламро
Вирдест, ки субҳу шом дорад.

Бар синаи реши дардмандон
Лаълат намаке тамом дорад.

Дар чоҳи зақан чу Ҳофиз, эй ҷон,
Ҳусни ту дусад ғулом дорад.