Он кас, ки ба динору дирам хайр наяндӯхт

Он кас, ки ба динору дирам хайр наяндӯхт,
Сар оқибат андар сари динору дирам кард.
Хоҳӣ мутаматтиъ шавӣ аз дунйию уқбо,
Бо халқ карам кун, чу Худо бо ту карам кард.