Он кист, ки шаҳре ҳама девонаи ӯянд

Он кист, ки шаҳре ҳама девонаи ӯянд,
Мафтуншудаи наргиси мастонаи ӯянд?

З-он пеш, ки шамъи рухаш афрӯхта гардад,
Мурғони улулаҷниҳа1 парвонаи ӯянд.

З-он дам, ки ба паймона лабаш чошние рехт,
Ҷонҳо магасони лаби паймонаи ӯянд.

Ҳар кас, ки зи ишқаш зада дам, аз мижа хубон
Ҷорӯбкашон дар раҳи кошонаи ӯянд.

Чашмони манаш хонаву ман мурда зи ҳайрат,
К-ин мардумакон баҳри чӣ ҳамхонаи ӯянд.

Зулф ар ба кафам менаниҳад, кош бибахшад
Мӯе ду-се бигсаста, ки дар шонаи ӯянд.

Афсонаи Ҷомӣ машунав, хоҷа, ки халқе
Дар хоби аҷал рафта зи афсонаи ӯянд.


1 Улулаҷниҳа – болдор, соҳиби болу пар.