Он кист к-андар рафтанаш сабр аз дили мо мебарад

176

Он кист к-андар рафтанаш сабр аз дили мо мебарад,
Турк аз Хуросон омадаст, аз Порс яғмо мебарад.

Шероз мушкин мекунад чун нофи оҳуи Хутан,
Гар боди Наврӯз аз сараш бӯе ба саҳро мебарад.

Ман пос дорам то ба рӯз имшаб ба ҷои посбон,
К-он чашми хоболуда хоб аз дидаи мо мебарад.

Бартос1 дар бар мекунам як лаҳза бе андоми ӯ,
Чун хорпуштам гӯиё сӯзан дар аъзо мебарад.

Бисёр мегуфтам, ки дил бо кас напайвандам, вале
Дидори хубон ихтиёр аз дасти доно мебарад.

Дил бурду тан дардодаам, в-ар мекушад, истодаам,
К-охир надонад беш аз ин, ё мекушад, ё мебарад.

Чун ҳалқа дар гӯшам кунад ҳар рӯз лутфаш ваъдае,
Дигар, чу шаб наздик шуд, чун зулф дар по мебарад.

Ҳоҷат ба турке несташ, то дар каманд орад диле,
Ман худ ба рағбат дар каманд афтодаам, то мебарад.

Ҳар к-ӯ насиҳат мекунад дар рӯзгори ҳусни ӯ,
Девонагони ишқро дигар ба савдо мебарад.

Васфаш надонад кард кас, дарёи ширин асту бас,
Саъдӣ, ки шӯхӣ мекунад, гавҳар ба дарё мебарад.


1 Номи вилояте, ки дар он ҷо пӯстини латиф аз пӯсти рӯбоҳ ба ҳамин ном медӯзанд.