Он кист он, он кист он, к-ӯ синаро ғамгин кунад?!

180

Он кист он, он кист он, к-ӯ синаро ғамгин кунад?!
Чун пеши ӯ зорӣ кунӣ, талхи туро ширин кунад?!

Аввал намояд мори кар, охир бувад ганҷи гуҳар,
Ширин шаҳе, к — ин талхро дар дам накӯойин кунад!

Деве бувад, ҳураш кунад, мотам бувад, сураш кунад,
В-он кӯри модарзодро донову оламбин кунад!

Торикро равшан кунад в — он хорро гулшан кунад,
Хор аз кафат берун кашад в — аз гул туро болин кунад!

Баҳри Халили хештан оташ диҳад афрӯхтан
В — он оташи Намрудро ушкуфаву насрин кунад!

Равшанкуни исторагон, чорагари бечорагон,
Бар банда ӯ иҳсон кунад, ҳам бандаро таҳсин кунад!

Ҷумла гуноҳи муҷримон чун барги дай резон кунад,
Дар гӯши бадгӯёни худ узри гунаҳ талқин кунад!

Гӯяд, бигӯ: «Ё зулвафо, ағфар лазанби қадҳафо»,
Чун банда ояд дар дуъо, ӯ дар ниҳон омин кунад!

Омини ӯ он аст, к — ӯ андар дуъо завқаш диҳад,
Ӯро буруну андарун ширину хуш чун тин кунад!

Завқ аст, к — андар неку бад дар дасту по қувват диҳад,
К — ин завқ зӯри Рустамон ҷуфти тани мискин кунад!

Бо завқ мискин Рустаме, бе завқ Рустам пурғаме,
Гар завқ набвад, ёри ҷон, ҷонро чӣ ботамкин кунад?!

Дилро фиристодам ба гаҳ, к-ӯ тез донад рафту раҳ,
То сӯйи Табрези вафо авсофи Шамсуддин кунад!